• Иди Фитр меҳмони дастархони Тоҷикистон бошем

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фарорасии Иди Фитри имсолро рӯзи ҷумъа (15 июн), таъйин кардааст.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонони Тоҷикистон аст, ки ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шавол, таҷлил мешавад.

Дастархон, суфраи идона ва муқаддаси махсуси идҳои Фитр ва Қурбон дар Тоҷикистон аст, ки бо навъҳои гуногуни мева, хушкбор, шакалот, ширинӣ ва ғизоҳои мутанаввеъ ороста мешавад.

Дар рӯзи Иди Фитр сокинон ба хонаи якдигар мераванд; Аммо шодии ин ид пеш аз ҳама насиби кӯдакон мешавад, ки ҳанӯз офтоб тулӯъ накарда ба пушти дари ҳамсояҳо ва хешовандони наздики худ, рафта ва аз онҳо ҳадия мегиранд.

Идҳои Фитр ва Қурбон ба унвони ду иди муқаддаси исломӣ аз соли 1990 милодӣ пас аз истиқлоли Тоҷикистон, бино бар мусаввабаи парлумони Тоҷикистон дар тақвими ин кишвар, ворид шуда ва таътили умумӣ аст.

Бо вуҷуди 70 сол тасаллути Шӯравӣ бар Тоҷикистон ва бо вуҷуди мухолифатҳо ва муборизаҳои шадиди коммунистҳо дар баргузории ин идҳо ва дигар муносибатҳои динӣ, тоҷикон суннатҳои баргузории ин идро ҳифз карда ва пас аз истиқлол, идҳои Фитр ва Қурбонро ба унвони бошукӯҳтарин суннати динӣ ва миллии худ, гиромӣ медоранд.

Дастархони идона аз рӯз қабл ид, дар ҳар хона ороста ва густурда ва то се рӯз пазирои меҳмонон аст.

Баргузории маросими намози Иди Фитр, густурдани суфраҳои идона, аёдат аз беморон, қироати Қуръон барои шодии рӯҳи рафтагон ва идӣ додан бахусус ба кӯдакон, аз ҷумлаи суннатҳое ҳастанд, ки мардуми мусулмони Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни идҳои Фитр ва Қурбон анҷом медиҳанд.

Хариди либос ва таҳияи ҳадоё барои ҳамсар, фарзандон, хешон ва дӯстон ва афроди камбизоат низ аз дигар суннатҳои мардуми тоҷик, дар ин идҳо аст.

Маросими Иди Фитр бо идгардаки кӯдакон оғоз мешавад.

Онҳо аз қабл пакетҳоеро таҳия кардаанд, то ҳадоёи бузургсолон ба онҳо ҳамчун ширинӣ, шаклот ва ё пулро дар худ ҷой диҳад.

Пас аз намози ид, мардум ба дидори ҳам мераванд.

Дар ин рӯз дари хонаҳо гушӯдааст ва ҳар раҳгузар метавонад, барои дидан ва табрики ид, вориди хона шавад ва бар сари суфра бинишинад ва ҳар чӣ майл дорад, бихӯрад.

Дар дастархони тоҷикон, анвои мева дида мешавад, ки бештар маҳсули худ Тоҷикистон аст.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз соли гузашта дар фатвои расмӣ таҳияи дастархонҳои ранга ва пурравнақ ва ҳамчунин «идгардак» ё гаштугузори кӯдакон дар рӯзи Иди Фитрро, хилоф бо шариат ва мазҳаби ҳанафӣ донистааст.

Абдулқодирзода, раиси ин шӯро гуфта буд, аз мардум хостаем, ки аз таҳияи дастархони рангини худдорӣ ва аз исроф парҳез кунанд.

Вай таъкид карда буд, дастархон барои хонаводаҳо ҳазинаҳои зиёде дорад ва гоҳе сабаби қарзи хонаводаҳо мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам таҳияи дастархонҳои пурравнақ ва рангаро манъ карда ва аз мардум хоста буд, бештар ба фақирон кумак кунанд.

 

Июн 14, 2018 19:38 Asia/Dushanbe
Назарҳо