• Тоҷикистон дуввумин кишвари дарёфткунандаи кумакҳои молии хориҷӣ дар ИДМ

Тоҷикистон аз нигоҳи дарёфти қарзҳо ва кумҳои молии байналмилалӣ дар миёни кишварҳои узви ИДМ дар ҷойи дуввум қарор дорад.

   Ба гузориши сомонаи Ахбори Узбакистон, дар раддабандии кишварҳои ИДМ аз нигоҳи дарёфти қарзҳо ва кумакҳои молии байналмилалӣ Узбакистон дар радифи нахуст ва Тоҷикистон дар мақоми дувум воқеъ шудаанд.

   Дар ҳоли ҳозир мизони қарзҳои дарёфтӣ аз бонкҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ 10 дарсад аз маҷмӯи сармоягузорӣ дар иқтисод дар Тоҷикистонро ташкил мекунад. Бонки Рушди Осиё ахиран аз ихтисоси қарзи 50 миллион долларӣ ба Тоҷикистон барои ҳимоят аз буҷаи ҳукумат, ҷазби сармоя ва эҷоди тасҳилот дар бахши хусусии ин кишвар хабар дод. Ин дуввумин бахш аз кумакҳои молии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон мебошад, ки бояд то соли 2020 ҳазина шавад. Бахши нахусти ин кумакҳо ба маблағи 60 миллион доллар аз соли 2015 то 2018-ро шомил мешуд, ки барои ҳимоят аз бахши хусусӣ ва рушуди иқтисоди Тоҷикистон ҳазина шудааст.

   Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми қарзҳои хориҷии ин кишварро 2.9 миллиард миллиард доллар муодили 40.3 дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ дар соли ҷорӣ, эълом кардааст. Бар асоси гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, эътибороти дарёфтӣ аз Бонки воридот ва содироти Чин 1.2 миллиард доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 318 миллион доллар, Бонки Рушди Осиё 278 миллион доллар ва Бонки Рушди Исломӣ 112 миллион доллар аст.

  Ҳамчунин қарзи ношӣ аз фурӯши авроқи баҳодори ниругоҳи барқӣ обии Роғун дар бозорҳои байналмилалӣ 500 миллион доллар эълом шудааст.

 

Июн 18, 2018 09:21 Asia/Dushanbe
Назарҳо