• 3 соли интизор барои сохти шаҳраки Чин дар Хуҷанд

   Як ширкати чинӣ қарор буд, дар соли 2015 сохти маҳаллаи маскунии ҷадидеро бо номи шаҳраки Чин, дар шаҳри Хуҷанд оғоз кунад, ки бо гузашти 3 сол ҳанӯз ҳам аз амалиётӣ шудани ин тарҳ хабаре нест.

  Ба гузориши хабаргузории Фарғона, ин шаҳрак, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ хоҳад шуд, шомили 15 баландошиёна мешавад, ки заминаи истиқомати як ҳазору 200 хонаводаро фароҳам месозад.

   Илова бар ин воҳидҳои маскунӣ, сохти як мактаби 4 табақаӣ, кӯдакистон ва майдони варзишӣ низ дар назар буд ва бо тахриби манозили маскунӣ дар маҳалли шаҳраки оянда, сокинони онро ба таври муваққат ба ҷойи дигаре мунтақил карданд, ки онон мунтазири оғози эҳдоси хонаҳои ҷадид мебошанд. Аз сӯи дигар номушаххас будани сарнавишти ин шаҳраки ҷадид, мӯҷиби нигаронии сокинони хонаҳои тахриб шуда гардидааст, ки накунад бидуни сарпаноҳ бимонанд. Аммо мудирияти ширкати чинии муҷрии тарҳи сохти ин шаҳраки ҷадид мӯътақид аст, ки иллати ба дарозо кашидани сохти ин манозили маскунӣ, мушкилот дар идороти Тоҷикистон мебошад, ки бояд ҳарчи сареътар тарҳи ироа шударо тасвиб кунанд, то заминаи амалиётӣ шудани ин проект, фароҳам гардад.

 Шаҳрдори Хуҷанд низ ба ширкати чинии муҷрии тарҳи сохти ин шаҳраки ҷадид дастур додааст, ки барои марҳалаи нахуст кори омодасозии зерсохтҳо оғоз кунад, то тарҳи куллии ин манозили маскунӣ ба тасвиби ниҳоии идороти масъули Тоҷикистон бирасад ва нигаронии сокинони хонаҳои тахриб шуда рафъ гардад.

 

 

Июн 18, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
Назарҳо