• Зиндон барои шиканҷагарони узви собиқи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ

Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд корманди собиқи РВКД Суғд Латифҷон Юлдошевро ба 13 сол ва корманди собиқи шуъбаи амнияти миллии ноҳият Ашт Муҳаммад Наимовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои Toptj, Юлдошев ва Наимов дар шиканҷаи узви собиқи ҲНИТ аз ноҳияи Ашт Комил Хоҷаназаров гунаҳкор шинохта шуданд. Хоҷаназаров моҳи августи соли 2017 қабл аз худкушиаш дар як навор шикоят карда буд, ки ӯро дар боздошт шиканҷа додаанд.

Муҳокимаи парвандаи шиканҷаи Комил Хоҷаназаров дар додгоҳи низомии гарнизони Суғд пушти дарҳои баста сурат гирифт ва ба ҷуз аз шоҳидон ва наздикони ҷабрдида касе ба он роҳ дода нашуд. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, додгоҳ Латифҷон Юлдошев – собиқ корманди фаврии бахши ҷустуҷӯи ҷиноии РВКД вилояти Суғд ва корманди низ собиқи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимовро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар шиканҷа, ҳабси ғайриқонунӣ ва маҷбур кардани гумонбар ба додани нишондоди бардурӯғ гунаҳкор шинохтааст.

Гумонбари сеюм дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров – корманди РВКД Суғд Шӯҳрат Шамсиддинов то ҳол дар ҳоли фирор ба сар мебарад ва парвандаи ӯ алоҳида баъди дастгир шуданаш муҳокима хоҳад шуд.

Муҳаммад Наимов моҳи феврал дастгир шуд. Юлдошевро рӯзи 7 март бо ваъдаи ин ки "масъалааш ҳал шудааст” ба дом афтонда, боздошт карданд. Баъди рӯ задани қазияи шиканҷаи Хоҷаназаров ҳамчунин сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт Парвин Комилов таҳти бозҷӯӣ қарор гирифта буд ва аз мақомаш барканор карда шуд.

Қазияи худкушии Комил Хоҷаназаров аз ангуштшумор мавридҳоест, ки додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси моддаи шиканҷаи Кодекси ҷиноятӣ нисбаташ парванда кушод.

 

Июн 19, 2018 19:26 Asia/Dushanbe
Назарҳо