• Ифтитоҳи масирҳои ҷадиди ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

То нимаи моҳи июли соли ҷорӣ заминаи ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар панҷ масири ҷадид фароҳам хоҳад шуд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, мудири ширкати “Азия экспресс терминал” дар Душанбе гуфтааст, дар ҳоли ҳозир як масири ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Тошканд фаъол аст ва интизор меравад то як моҳи дигар панҷ масири ҷадид ифтитоҳ шавад.

Султон Камолов таъкид кардааст, масирҳои ҷадиди ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Душанбе - Деҳнав, Душанбе - Тирмиз, Панҷакент- Самарқанд, Истаравшан- Бекобод ва Хуҷанд – Қуқанд бо мувофиқати мақомоти Ӯзбакистон то як моҳи дигар ифтитоҳ мешавад.

Мудири ширкати “Азия экспресс терминал” гуфтааст, қимати билет барои мусофирони сафар бо автобус аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Ӯзбакистон арзон аст. Зеро кирояи сафар аз шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ба Самарқанди Ӯзбакистон 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ин қимат дар масирҳои Душанбе – Деҳнав 25 сомонӣ ва Душанбе – Тирмиз 50 сомонӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин музокира бо тарафи ӯзбак барои мушаххас кардани кирояи роҳ дар масирҳои Истаравшан- Бекобод ва Хуҷанд – Қуқанд идома дорад.

Аз сӯйи дигар, 300 шаҳрванди Ӯзбакистон дархост кардаанд, барои дармон дар обҳои шифобахши Тоҷикистон мунтазири рафтан ба ин кишвар бо автобус ҳастанд.

Муассиси ширкати “Азия экспресс терминал” - Бобаки Занҷонӣ, сармоядори эронӣ аст, ки дар соли 2012 дар Тоҷикистон таъсис шуд ва акнун дар кишвари худ ба иттиҳоми фасоди молӣ аз сӯйи додгоҳ ба эъдом маҳкум шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз апрели имсол пас аз 25 сол парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз сар гирифта шуд. Аммо ба сабаби гаронии билет ва набуди мусофир, фақат ширкати ҳавопаймоии Ӯзбакистон ҳафтае як парвоз миёни Тошканд ва Душанбе анҷом медиҳад.

 

Июн 20, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
Назарҳо