• Дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон дар Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.

Ба иттилои Форс, ҷонибҳо зимни мулоқот аз мавқеъи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркманистон ва масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъоли роҳбари ин кишвари дӯстро дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" нишонаи возеҳи дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо маънидод кард.

Аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои робитаҳо, татбиқи санадҳои қаблан қабулшуда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати сабук, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Барои расидан ба ҳадафҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш таъсиси намояндагии тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

 

 

 

 

Июн 20, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
Назарҳо