• Сармоядори фирории тоҷик чигуна ду бор гузарномаи қирғизӣ гирифт?

Як корманди ЗАГС-и ноҳияи Сӯзаки Қирғизистон бо иттиҳоми додани шиносномаи ин кишвар ба соҳибкори фирории тоҷик Низомхон Ҷӯраев боздошт шудааст. Низомхон Ҷӯраев, мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара, ки дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт, моҳи январ дар фурудгоҳи Киев бо шиносномаи қирғизӣ дастгир шуд, вале Украина ӯро ба Тоҷикистон насупурд.

Ба иттилои Фарғона, Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон эътироф кард, ки дар ҳақиқат ГРС – Хадамоти давлатии сабти номи ин кишвар ба шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев, ки ба воситаи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Қирғизистонро додааст.

Дар маркази матбуоти вазорати дохилаи Қирғизистон рӯзи 20 июн ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд: "Рӯзи 18 июн дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони хадамоти милитсияи криминалии ВКД Қирғизистон сармутахассиси ОПРН ДРНАГС(Департаменти сабти номи аҳолӣ ва сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ)-и ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистонро бо гумони содир кардани ин ҷиноят дастгир карданд. Гумонбар ба боздоштгоҳи Бишкек оварда шуд ва тафтиш идома дорад.”

Тафтишот мегӯяд, мақомоти шуъбаи шиносномадиҳӣ ва сабти номи аҳолӣ (ОПРН)-и ноҳияи Сӯзак дар соли 2014 ба як шаҳрванди хориҷӣ аввал шиносномаи Қирғизистони намунаи соли 2004-умро додаанд. Дар соли 2017 бар асоси ин шиносномаи қалбакӣ ин шаҳрванди хориҷӣ аз ОПРН-и ноҳияи Балиқчии вилояти Иссиқкӯл шиносномаи нави Қирғизистонро ба даст овардааст.

Намояндаи ВКД Қирғизистон гуфт: "Кормандони милитсияи криминалӣ муайян карданд, ик аз ин шиноснома шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев, соли таваллудаш 1967, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, истифода мебурд. Маълум шуд, ки кормандони ГРС шиносномаро ба як номи сохта пур кардаанд ва ба он баъдан сурати Низомхон Ҷӯраевро часпондаанд.”

 

 

Июн 21, 2018 13:28 Asia/Dushanbe
Назарҳо