• Маҳкум шудани як шибҳинзомии пешини тоҷик ба 15 сол зиндон

Додгоҳи шаҳри Душанбе узви яке аз гурӯҳҳои пешини шибҳинизомиро ба муддати 15 сол маҳкум ба зиндон кард.

Асомуддин Бобохонзода муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе дар заминаи ин парванда ба хабаргузории Ховар гуфт: Фахриддин Назарови 43-сола дар солҳои 1998 то 2001 ҳамроҳ бо теъдоде аз аъзои гурӯҳи шибҳинизомии Раҳмон Сангинов мулаққаб ба "Гитлер" дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ба ҷиноятҳои мусаллаҳона аз қабили қатл, роҳзанӣ, таҷовуз ба номус, дуздӣ, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ даст задааст.

Гуфта шудааст, ки Назаров ва ҳамдастонаш ҷиноятҳои ёдшударо бо истифода аз автомати “Калашников” ва туфангчаи “Макаров” анҷом додаанд.

Муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе дар бораи сарнавишти шарикони ҷурми Фахриддин Назаров тавзеҳ надодааст.

Гуфтанӣ аст, Раҳмон Сангинов аз ҷумлаи фармондеҳони пешини мухолифони давлати Тоҷикистон дар даврони ҷанги дохилӣ буд, ки ба раванди сулҳи мухолифон ва давлат напайваст ва дар як амалиёти вижа кушта шуд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 ҷараён дошт, ки дар ниҳоят бо миёнҷигарии Русия ва Эрон ва имзои созишномаи сулҳ миёни давлат ва мухолифони пешини Тоҷикистон, ба поён расид.

 

Июн 22, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
Назарҳо