• Таваққуфи баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳиддин Кабирӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар ғайбашро мутаваққиф кардааст.

Ба гузориши “Топ Тҷ”, як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон бидуни ифшои номаш гуфтааст, ба иллати ҳузур надоштани Муҳиддин Кабирӣ дар дохили кишвар, баррасии парвандаи ҷиноии вай ба таври муваққат мутаваққиф шудааст.

Ин мақом таъкид кардааст, ин тасмим ба маънии баста эълом шудани парвандаи раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ нест, зеро макони ҳузури муттаҳам мушаххас нест ва ӯ наметавонад ба иттиҳомоти матраҳшуда посух диҳад.

Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ гуфта буд, баррасии парвандаи ҷиноии Муҳиддин Кабирӣ дар ғайби вай оғоз шудааст, вале ба иллати маҳрамона будани ин парванда наметавонад ҷузъиёти онро тавзеҳ диҳад.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015, ки ҳизбаш натавонист намояндае ба маҷлиси қонунгузории ин кишвар бифиристад, аз Тоҷикистон хориҷ шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии ин кишварро ба иттиҳоми иртибот бо шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъ мамнуъ кард ва номи ин ҳизбро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дод.

Дар пайи ин тасмим 14 узви Шӯрои сиёсии ин ҳизб боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд ва ду муовини раиси ин ҳизб ҳам ҳабси абад гирифтанд.

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар тамоми иттиҳомотро рад карда ва гуфтаанд, тайи ду соли ахир беш аз 100 нафар аз аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

 

Июн 23, 2018 09:34 Asia/Dushanbe
Назарҳо