• Мухолифати парлумони Тоҷикистон бо тасмими Додгоҳи Қонуни Асосӣ

Раиси Кумитаи умури иқтисодӣ ва молии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо дастури Додгоҳи Қонуни Асосӣ барои ислоҳи Қонуни бекор кардани муҷаввизи марказҳои молӣ ва мутобиқ сохтани он бо Қонуни хадамоти шаҳрвандӣ мухолифат кардааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, ислоҳи ин қонун заминаи пардохти супурдаҳои шаҳрвандон аз сӯйи бонкҳои варшикастаи Тоҷикистонро фароҳам мекунад.

Шариф Раҳимзода гуфтааст, бояд қонуни мусавваби соли 2011 барои бозпардохти супурдаҳои молии шаҳрвандон аз бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории варшикаста риоят шавад.

Тибқи ин қонун, вазоратхонаҳо ва созмонҳои талабкори давлатӣ дар авлавияти тасвияҳисоб (ҳисоббаробаркунӣ) бо ин марокизи молӣ қарор доранд ва пас аз онҳо шаҳрвандон ва супурдагузорони оддӣ қарор доранд.

Дар айни ҳол Солеҳҷон Ҷӯраев, узви Анҷумани байналмилалии вакилони мудофеъ гуфтааст, тайи се соли гузашта барои дастёбӣ ба ин ислоҳия, беш аз 79 бор мавзӯи авлавият доштани шаҳрвандони молбохта дар бозпасгирии супурдаҳояшонро матраҳ кардааст.

Ба гуфтаи вай, дар ниҳоят Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон бо ин тарҳ мувофиқат кард, вале акнун бо мухолифати дубораи Маҷлиси намояндагон рӯбарӯ шудааст.

Дар ҳоле, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси ҳукми Додгоҳи Олӣ муваззаф шуда буд, бо мутобиқ сохтани Қонуни бекор кардани муҷаввизи марокизи молӣ ва Қонуни хадамоти шаҳрвандӣ, авлавияти пардохти қарзи банкҳо ва марокизи моливу эътибории варшикастаро ба шаҳрвандон ҳатмӣ кунад, ки умедҳоро барои бозпасгирии пули афрод афзоиш медод.

Яке аз бонкҳои варшикаста ва лағви муҷаввизшуда дар соли 2017, “Тоҷпромбонк” аст, ки наметавонад бо муштариёни худ тасвияҳисоб кунад.

 Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 барои наҷоти ин бонк аз буҳрони камбуди манобеи молӣ, 56 миллион доллар ихтисос дод, ки ин кумак низ натавонист вазъияти ин ниҳоди молиро беҳбуд бахшад.

Коршиносон арзиши 117 марказ ва амволи “Тоҷпромбонк”-ро, ки барои бозпардохти қарзҳои он ба фурӯш гузошта шуда, 450 миллион сомонӣ (муодили 51 миллион доллар) эълом мекунанд, ки 100 миллион сомонӣ камтар аз мизони қарзи ин ниҳоди молӣ аст.

 

Июн 23, 2018 10:44 Asia/Dushanbe
Назарҳо