• Интишори китоби “Ваҳдат, давлат, Президент” дар Тоҷикистон

Интишороти “Истеъдод” дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуякумин солрузи Ваҳдати миллӣ, китоби “Ваҳдат, давлат, Президент” мунташир кардааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ин китоб ба қалами Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон ва Рамазон Давлатов дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар ин кишвар аст.

Дар китоби “Ваҳдат, давлат, Президент” нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, аҳамияти таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилал ва нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар сулҳу оштии миллӣ баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин китоб иқдомоти раисҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масоиле монанди аҳамият ва арзиши об, тарғиб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди гардишгарӣ мавриди баҳсу арзёбӣ қарор гирифтааст.

21 сол қабл дар 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни аъзои Ҳукумат ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифин ба раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ин санадро имзо карданд.

 Аз он сол ба баъд, рӯзи 27-уми июнро ба унвони рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҷашн мегиранд.

 

Июн 23, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
Назарҳо