• Афзоиши 26-дирамии арзиши доллар дар Тоҷикистон

Тайи як шаб арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар Тоҷикистон 26 дирам коҳиш ёфт, ки ин амр мӯҷиби шигифтии таҳлилгарон шуд.

Ба гузориши “Авесто”, даҳуми июл як доллар дар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон 9 сомонию 17 дирам хариду фурӯш мешуд, аммо ин шохис дар рӯзи 11 июли соли ҷорӣ ба 9 сомонию 43 дирам расид.Бонки миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе омили коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари долларро тавозуни манфӣ миёни воридоту содирот ба нафъи воридот ва коҳиши арзиши рубли русӣ унвон кардааст.

Бо коҳиши содироти маҳсулот ба хориҷ вуруди арзӣ кам мешавад ва ба далели боло будани тақозо арзиши доллар низ афзоиш меёбад. Ин дар ҳолест, ки ба иллати баста шудани саррофиҳо дар Тоҷикистон дар 3 соли қабл хариду фурӯши арз, аз ҷумла доллар танҳо аз тариқи бонкҳои тиҷорӣ имконпазир аст, ки ин марокизи молӣ низ муомилоти маҳдуде анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, камбуди доллар дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон мӯҷиби саргардонии бозаргонон ва воридкунандагони маҳсулот аз хориҷ мешавад, ки яке аз паёмадҳои ин нобасомонӣ афзоиш қимати коло мебошад. Бо баста шудани саррофиҳо дар Тоҷикистон тайи се соли гузашта танҳо бонкҳои Тоҷикистон ва муассисоти муҷози молию эътиборӣ дар ин кишвар қодир ба фурӯши 100 то 200 доллар дар рӯз барои як муштарӣ ҳастанд, ки ин амр мунҷар ба камбуди доллар дар бозори муомилоти арзии ин кишвар шудааст.

Умдаи коршиносон бар ин боваранд, ки боло рафтани арзиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон таҳти таъсири таҳримҳои ҷадиди Амрико ва Аврупо алайҳи Русия сурат гирифт, ки мӯҷиби уфти арзиши рубли Русия низ шудааст. Ба далели ин навасонот коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия низ маҷбуранд, аз хариди доллар худдорӣ карда, даромади худро ба рубл ба Тоҷикистон ирсол кунанд.

 

Июл 12, 2018 08:04 Asia/Dushanbe
Назарҳо