• Масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ба 12 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистонро ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ва дасткории аснод ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, намояндаи додситонии вилояти Суғд дар додгоҳи муҳокимаи ин рӯзноманигор дархости 13 соли маҳкумият ба зиндонро карда буд, ки ҳукми маҳкумият ба 12 соли зиндон содир шуд.

Масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2017 ба иттиҳоми ихтилоси молӣ, дасткории аснод ва барангехтани кинаю адовати динӣ боздошт шуд, ки ин иқдом эътирози созмонҳои мудофеи ҳуқуқ башар ва рӯзноманигоронро барангехт.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Хайруллоҳ Мирсаидов, масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон, хабарнигори собиқи хабаргузории “Азия плюс” ва радиои “Садои Олмон” алайҳи Олим Зоҳидзода, мудири идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба мақомҳои олии ин кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард. Иллати шикоят низ пардохт накардани маблағи таъйиншуда барои Бошгоҳи ҳозирҷавобон ва талаби ришва унвон шуд.

Хонум Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи Хайруллоҳ Мирсаидов гуфтааст, ки 12 соли маҳкумият ба зиндон барои муваккилаш созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар  ва маҳофили рӯзноманигориро ғофилгир кардааст ва ӯ эътирози худашро ба додгоҳи таҷдиди назар ирсол мекунад. Аз сӯйи дигар сафоратҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар Тоҷикистон бо маҳкум кардани ҳукми 12 соли зиндон барои Хайруллоҳ Мирсаидов таъкид кардаанд, ки ин иқдом бо иттиҳомоти эъломшуда алайҳи ӯ ҳамхонӣ надорад ва бояд мавриди таҷдиди назар қарор гирад, ки ин мавзӯъ бар равобити Тоҷикистон бо ин кишварҳо таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Хайруллоҳ Мирсаидов гуфт, ӯ дар замони фаъолият дар Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон талош кард, ки эътибори ин кишварро афзоиш диҳад, аммо подоши заҳамоташ маҳкумият ба зиндон шуд.

Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон муташаккил аз теъдоде аз ҷавонон аст, ки дар солҳои гузашта дар мусобиқоти саросарӣ дар ҳавзаи кишварҳои узви ИДМ ҷойҳои намоёнро сазовор шудааст. Мақоми аввал ва дувуми мусобиқоти бошгоҳҳои ҳозирҷавобон дар Маскав ва Қирғизистон тайи ду соли ахир аз ҷумлаи ифтихороти Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон аст. Муҳтавои ин мусобиқот бештар пурсиш дар заминаи таърих, адабиёт, улуми таҷрибӣ ва фарҳанг аст, ки бояд афрод бо доштани ҳофизаи қавӣ ва зеҳни пардозишгар дар тӯли чанд сония ба онҳо посух диҳанд.

 

Июл 12, 2018 09:11 Asia/Dushanbe
Назарҳо