• Тавофуқи Русия ва Тоҷикистон дар Намоишгоҳи тиҷории Суғд-2018

Намояндагони 26 ширкати русии ҳозир дар Намоишгоҳи байналмилалии тиҷории Суғд-2018 дар шаҳри Хуҷанд тарҳи истифода аз таҷҳизоти ҷадиди хушк кардани мева ва сабзиҷотро ба Тоҷикистон ироа карданд.

Ба гузориши “Спутник”, ба далели фаровон будани заминаи тавлиди анвои мева ва сабзиҷот, бавижа зардолу дар боғҳои вилояти Суғд масъулони ширкатҳои русӣ истифода аз дастгоҳи махсуси мевахушккуниро пешниҳод кардаанд, ки ба маротиб беҳтар аз равишҳои суннатӣ аст.

Сергей Ключаров, масъули Шӯрои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар Утоқи саноеъ ва бозаргонии Русия гуфт, онҳо дар мавриди роҳандозии коргоҳҳои хушк кардани мева ва сабзиҷот дар вилояти Суғд бо истифода аз таҷҳизоти ҷадид ба тавофуқ расиданд, ки ин иқдом ҳам камҳазинатар буда ва ҳам маҳсулоти бо кайфияти болотаре арза мешавад. Зеро бо истифода аз ин таҷҳизот раванди хушк кардани мева ва сабзиҷот ба таври сареъ анҷом мешавад ва заминаи содироти он ба Русияро фароҳам месозад. Ба гуфтаи Ключаров, барои ширкатҳои русӣ муҳим аст, ки мева ва сабзиҷоти содиротӣ аз Тоҷикистон бидуни афзуданиҳои кимиёӣ бошад ва танҳо бо роҳандозии коргоҳҳои хушк кардани мева ва сабзиҷот ва истифода аз таҷҳизоти ҷадид аст, ки метавон ба ин аҳдоф даст ёфт.

Ӯ мушкили содироти мева ва сабзиҷоти Тоҷикистон ба Русияро узв набудани Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё унвон кардааст, ки мӯҷиби афзоиши ҳазинаҳои ҳамлу нақл ва аворизи гумрукӣ мешавад.

 

Июл 12, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо