• Вокуниши сафорати Эрон ба иддаоҳои хабаргузории давлатии Тоҷикистон

Дар паи интишори як мақола дар хабаргузории Ховари Тоҷикистон ва талош барои эҷоди тафриқа байни мардуми тоҷик ва Эрон, сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе вокуниш нишон дод.

Ба нақл аз Форс, Ховар дар таърихи 20 апрели 2018 дар мусоҳиба ва ҳамчунин дар мақолае дар таърихи дувуми июли 2018, таҳти унвони “Оё шиа шудани наҳзатиён туҳмат аст?”, ба тарҳи мавориде дар бораи ҷумҳурии исломии Эрон пардохтааст.

Дар ҳар ду мавриди мақолот, сафорати Эрон таи номаҳое ҷавобияҳои худро ба дафтари он хабаргузорӣ ирсол дошт ва интизор бар он буд, ки тибқи моддаи 18 “Қонуни Тоҷикистон дар бораи матбуоти давраӣ ва соири расонаҳои ҷамъӣ” нисбат ба нашри посух иқдоми лозим ба амал ояд.

Бо таваҷҷуҳ ба нодида гирифтани қонуни фавқулзикр ва адами дарҷи посух, ин сафорат матни охирин ҷавобияи ирсолиро мунташир кард.

Дар баёния омадааст: Сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон муътақид аст, тарвиҷи ихтилофафканӣ миёни мазоҳиби исломӣ ва нафратпарокании мазҳабӣ алайҳи мазоҳиби дигар ҳамчун ташаюъ, муғойири ҳама мавозини байналмилалӣ ва тавҳини ошкор ба эътиқодоти бахши муҳиме аз ҷаҳони ислом буда ва бетардид иҷрои хости душманони ислом бавижа Исроил аст.

Мутаассифона дар ин мақола талош шуда, ки тасвире бегона ва ғайри қобили қабул аз мазҳаби ташаюъ ироа шавад ва ин дар ҳолест, ки бар асоси воқеиятҳо ва ба тасреҳи мақомоти зирабти Тоҷикистон, шуморе аз мусулмонони Тоҷикистон низ шиа ҳастанд ва албатта ҳеҷ иртиботи хосе бо Эрон надоранд.

Тавҳин ба шиаён ва бегона талаққӣ кардани онҳо зоеъ кардани ҳуқуқи шаҳрвандии ин атбои Тоҷикистон низ мебошад.

Нафратпарокании мазҳабӣ дар Тоҷикистон мавзуи ҷадиде аст ва тарҳи он дар моҳҳои гузашта ва пас аз изҳороти тафриқаафканона ва иттиҳомоти сафири як кишвари қабилаӣ алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон сурат гирифта, ки он ҳам дар Ховар инъикос ёфт ва ҷои басе таассуф аст.

Аз Ховар интизор меравад, бо назардошти манофеъ ва масолеҳи Тоҷикистони азиз ва зимни таваҷҷуҳ ба усули ҳирфаии иттилоърасонӣ, аз бознашри матолиби беарзиши нашриёт ва сайтҳоии зард ва беҳуввият, парҳез кунад.

Интизор меравад, ин хабаргузорӣ бо ҳушёрӣ дар қиболи дасисаҳои Исроил ва ходимони минтақаии он, ба дунболи тарвиҷи гуфтумони ваҳдат ва дӯстӣ миёни тамомии милали мусулмон бавижа ҳамтаборони ҳамфарҳанг ва ҳамзабони худ дар минтақа бошад ва дар доми бадхоҳони миллатҳои бародар ва шарифи Эрон ва Тоҷикистон наафтад.

Тардиде нест, ки миллати фаҳими Тоҷикистон, ки аз бадави истиқлол дӯстӣ ва муҳаббати эрониёнро чашида ва шоҳиди хадамоти он ба худ буда, бо ин сиёҳнамоиҳо гумроҳ нашуда ва фаромуш намекунад, ки Эрон бо ибтикороте монанди “ҳафтаи ваҳдат”, “рузи ҷаҳонии Қудс”, “гуфтгӯи тамаддунҳо”, “ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ” ва “амнияти шабакаӣ дар минтақа”, манодии ваҳдати мусулмонон ва муваҳҳидони ҷаҳон будааст.

Ҳамчунин бо тарди ҷангталабон ва мураввиҷони хушунат, ҷаҳониёнро ба гуфтугӯ, сулҳҷуӣ ва ҳамкорӣ фаро хондааст.

 

Июл 12, 2018 19:16 Asia/Dushanbe
Назарҳо