• Ҳушдор барои тавоноии ДИИШ дар ҷазби фаврии афрод

Муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон муътақид аст, мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ бо истифода аз фанновариҳои ҷадиди иттилоърасонӣ ва таъсиргузорӣ бар мағзи афрод метавонад тайи чанд соат ҷавонони ноогоҳро ба сафи ин созмони такфирӣ ҷазб кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Рустам Азимӣ гуфтааст, мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ барои ҷазби афрод, ба вижа насли ҷавон аз тамоми абзор ва васоили иттилоърасонӣ то баррасии авзои рӯҳӣ - равонии онон истифода мекунанд.

Ба гуфтаи вай, онҳо метавонанд тайи як муддати кӯтоҳе афкори ҷавононро таҳти таъсири андешаҳои худ қарор диҳанд.

Ин масъули тоҷик бо ишора ба иттифоқи рӯзи 29 - уми июли соли ҷорӣ барои дучархасаворони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, аз ин ки кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон натавонистанд аз ин иқдоми террористӣ ҷилавгирӣ кунанд, ибрози таассуф кардааст.

Рустам Азимӣ барафроштани парчами сиёҳи гурӯҳи террористии ДИИШ барои чанд бор дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, таҳдидҳои террористҳои ДИИШ алайҳи Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ ва рахна (ҳак) кардани сайти Вазорати илм ва маорифи ин кишвар аз сӯйи онҳоро аз нишонаҳои қабл аз вуқӯи ҳамлаи ДИИШ хонд.

Ӯ дар баёни таъсири фаврии таблиғоти ДИИШ бар ҷавонон, як мисол зада ва гуфтааст, як ҷавони тоҷик тайи як ҳафта таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳи ДИИШ дар фазои маҷозӣ қарор гирифт ва пас аз як моҳ ба Сурия рафт ва ба ин созмони такфирӣ пайваст, аммо дар ҳеҷ даргирӣ ширкат накард ва бо пушаймонӣ ба Тоҷикистон бозгашт, ки мавриди афв қарор гирифт.

Муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон таъкид кардааст, барои муқобила бо таблиғоти гурӯҳи террористии ДИИШ, зарурат дорад тамоми ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рӯҳӣ ва равонӣ, фаннӣ ва тактикии равишҳои ҷазби ҷавонон ба ин созмони такфирӣ бо кумаки фазои маҷозӣ мадди назар бошад.

 

Август 15, 2018 09:33 Asia/Dushanbe
Назарҳо