• Бозбинии ҳукми маҳкумияти Хайруллоҳ Мирсаидов дар додгоҳи Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бозбинии ҳукми 12 соли маҳкумияти Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон (КВН - Тоҷикистон) - ро ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ва сохтакории аснод дар таърихи 15 – уми август оғоз хоҳад кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл намояндагони 12 созмони ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост карда буданд, ки аз давлати Тоҷикистон бихоҳанд, Хайруллоҳ Мирсаидовро озод кунад. Қаблан сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хостори озодии фаврии ин рӯзноманигор ва фаъоли фарҳангии тоҷик шуда ва таҳдид карда буданд, ҳукми сангини додгоҳ алайҳи Мирсаидов бо иттиҳомоти эъломшуда ҳамхонӣ надорад. Онҳо гуфта буданд, ин мавзӯъ метавонад бар ояндаи равобити Иттиҳоди Аврупо ва Амрико бо Тоҷикистон таъсири баде бигузорад.

Хонаводаи Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ва сохтакории аснод ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, 124 ҳазор сомонӣ (13 ҳазор доллар) бобати ҷуброни хисороти молии ворида ба давлат пардохт кард.

Масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2017 ба иттиҳоми ихтилоси молӣ, сохтакории аснод ва барангехтани танаффури мазҳабӣ боздошт шуд, ки ин иқдом эътирози созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ ва рӯзноманигоронро барангехт. Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Хайруллоҳ Мирсаидов алайҳи Олим Зоҳидзода, мудири бахши Кумитаи ҷавонон ва варзиши Таоҷикистон дар вилояти Суғд ба мақомҳои олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард. Сабаби шикоят низ пардохт накардани маблағи таъйиншуда барои Бошгоҳи ҳозирҷавобон ва талаби ришва номида шудааст.

 

 

Август 15, 2018 10:42 Asia/Dushanbe
Назарҳо