• Дидори Раҳмон бо сарвазири Узбакистон

18 август дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари давлатӣ мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҷарёани мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбакистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи феълии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба Абдулло Орипов — ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва таҳкими робитаҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон барои саҳми муносиб дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баҳои арзанда доданд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ байни ду кишвар мушкилоти мавҷудаи масъалаҳои ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо кард ва мо ният дорем барномаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо наздиктарин ҳамсояамон дар шакли шарикии стратегӣ таҳия намоем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкими робитаҳои бахши кишоварзӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахши туризм, дар соҳаи илму маориф, ҷудо кардани квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

 

 

Август 18, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
Назарҳо