• Таъсири афзоиши нархи билети ҳавопаймо бар асари таварум дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки афзоиши нархи билети ҳавопаймо дар ин кишвар, муҷби рушди таваррум ва коҳиши арзиши сомонӣ гардидааст.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, мизони таваррум дар ин кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 7 даҳумидарсад бештар шудааст, ки далели он низ афзоиши нархи билети ҳавопаймо мебошад. Зеро дар моҳи июли соли ҷорӣ мизони афзоиши нархи билети ҳавопаймо дар тамоми масирҳо, 47 дарсад ва масири Душанбе ба Маскав беш аз 60 дарсад эълом шудааст.

Ба далели баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия, сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба ин кишвар ба таъхир афтод ва дар поёни ин мусобиқот нархи билети ҳавопаймо бо афзоиши бесобиқае рӯбаарӯ шуд. Акнун масъулони Бонки миллии Тоҷикистон таъсири ин рӯйдод ба мизони таварум дар ин кишварро эътироф мекунад. Ба ин далел, ки корагони муҳоҷири тоҷик барои сафар ба Русия бо ҳавопаймо, маҷбӯр мешаванд, ки аз бонкҳои Тоҷикистон қарз дарёфт кунанд, ки мизони суди бозпардохти ин маблағҳо беш аз 30 дарсад мебошад. Акрамшоҳ Холбобоев, иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки коргарони муҳоҷири тоҷик 30 то 35 дарсад даромади молии хешро ҳазинаи хариди билети ҳавопаймо мекунанд.

 Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои вуруди ширкатҳои ҳавопаймои хориҷӣ муҷаввиз медод, то дар фазои рақобат, заминаи коҳиши нархи билет фароҳам мешуд

Аммо дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият мекунад, ки гаронтарин билет барои мусофирон дар минтақаро ироа мекунанд ва набуди фазои рақобатӣ дар миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ,  маҷоли арзон шудани нархи билетро гирифтааст.

 

Август 19, 2018 09:50 Asia/Dushanbe
Назарҳо