• Раисҷумҳури Тоҷикистон Самарқандро ба қасди Душанбе тарк кард

Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ба анҷом расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмонро Шавкат Мирзиёев шахсан гусел кард.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз 17 сол бори аввал бо сафари расмӣ 17 - уми август вориди Тошканд шуд.

Дар рафти ин сафар ҷонибҳо 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки муҳимтаринашро худи раисҷумҳури Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ номид.

 

 

 

 

Август 19, 2018 20:02 Asia/Dushanbe
Назарҳо