• Ангезаи Дилшод Назаров аз бадаст овардани медали тилло дар мусобиқаи ҷоми қораҳои IAAF

Қаҳрамони гурзандозии Тоҷикистон, ки медали тиллои мусобиқаҳои Ҷумҳурии Чехро ба даст овард, ду ангезаи асосии худро аз қаҳрамонӣ дар ин мусобиқаҳо шарҳ дод.

Ба нақл аз маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров дар бораи пирӯзиаш дар Ҷоми қораҳои Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) гуфт: ду далел сабаб шуд, ки ман барои пирӯзӣ бештар талош кунам. Аввал инки мехостам ба қораи Осиё кумак кунам, то ҷои беҳтареро дар мусобиқа ба даст оварад ва дуюм инки ман дар бозиҳои Осиё-2018 натиҷаи баде нишон дода ва лозим буд, то худамро исбот кунам.

Дилшод Назаров гуфт: барои ин мусобиқаҳо комилан омода буда ва аз ин, ки тавониста аз уҳдаи ин кор барояд, бсисёр хушҳол аст.

Ҷоми қораҳои Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук рӯзҳои ҳаштум ва нуҳуми сентябр дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор кардид.

Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 77.34 мақоми нахустро аз они худ кард.

Дар мусобиқа 329 варзишгар аз 78 кишвар, инчунин дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000 метр, 3000 метр бо монеа, 110 метр бо монеа, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр қувва озмуданд.

 

 

Сентябр 11, 2018 14:43 Asia/Dushanbe
Назарҳо