• Сафаров: Ба Варшава барои ҳисобу китоб бо мухолифин наомадаем

Муовини раиси Маркази таҳқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава суханронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр дар суханронияш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава гуфт, ҳайати ҳукумат ба ин ҷо барои ҳисобу китоб бо мухолифин наомадааст. Сафаров ду ҳизб, ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунисти Тоҷикистонро "тоталитарӣ" хонда гуфт: «Дар интихоботи парлумонии се соли пеш, мутаассифона ё хушбахтона, мардум ба ду ҳизб, наҳзати исломӣ ва коммунист, ки зоташон тоталитарӣ аст, раъй надоданд. Коммунистҳо ҳанӯз кору фаъолият мекунанд ва касе ба онҳо коре надорад».

Сайфуллоҳ Сафаров, ки бо забони русӣ суҳбат мекард, Тоҷикистонро як давлати демократӣ номида гуфт, кишвараш ҳамчун узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳақ дорад, иҷрои уҳдадориҳояшро талаб кунад. Ӯ гуфт: «Намедонам, бихандам, ё беҳтараш лабханд бизанам, вале мухолифон дар ин ҷо дар бораи он чӣ, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, бисёр бесаводона ҳарф заданд». Сафаров гуфт, дар Тоҷикистон низоми чандҳизбӣ, гуногунандешӣ, ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд дорад, вале ҳамаи инҳо бояд барои пешгирӣ аз терроризму тундгароӣ амал кунанд. Ӯ дар поёни суханронияш гуфт: “Мо омадаем, изҳор кунем, ки мавзеи мо муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароӣ аст. Мо талошҳоямон барои баргардондани шаҳрвандонамон ба Ватанро ҳамчун талоши таъмини ҳуқуқи онҳо баррасӣ мекунем, чаро ки бисёре аз онҳо гумроҳ шудаанд, онҳо ҷавонанд ва намедонанд, ки ин ҳизб (Ҳизб мамнӯи наҳзати исломӣ) чӣ гуна созмоне аст”.

 

Сентябр 11, 2018 14:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо