• Боздошт қабл аз мунфаҷир кардани идораи полис

Мақомоти амниятии ноҳияи Фархор дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон аз боздошти яке аз сокинони ин ноҳия, ки қасди мунфаҷир кардани сохтмони идораи полиси маҳаллиро доштааст, хабар додаанд.

Ба гузориши “ТОП Тҷ”, ин мақомот муддаиянд, Баҳриддин Шарофиддинов, сокини 38 солаи рустои Гулшан қасд дошт шабона даст ба ин иқдоми террористӣ бизанад, ки қабл аз анҷоми он боздошт шуд.

Мақомоти амниятии ноҳияи Фархор гуфтаанд, Баҳриддин Шарофиддинов қаблан ба иттиҳоми қатл дар Русия ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Вай пас аз озодӣ аз зиндони Русия ба василаи радиои интернетии “Зелло” ба гурӯҳҳои террористӣ пайваста ва ба манзури анҷоми иқдомоти тахрибкорона ба Тоҷикистон омадааст.

Аммо дар бораи ин ки узви чӣ гурӯҳи террористӣ буда, иттилое дода нашудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми боздошти ин фард миқдоре маводи мунфаҷираи дастсоз низ кашфу мусодира шуда, ки нишон медиҳад Баҳриддин Шарофиддинов бо наҳваи таҳияи ин мавод ошноӣ доштааст.

Акнун алайҳи ин сокини ноҳияи Фархор ба иттиҳоми гароиш ба гурӯҳҳои террористӣ ва талош барои инфиҷори сохтмони идораи полиси маҳаллӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

 

Сентябр 12, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо