• Омодагӣ барои истиқбол аз Лукашенко ва Мирзиёев дар Тоҷикистон

Мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Турсунзода (70 километрии ғарби Душанбе) худро барои истиқбол аз раисони ҷумҳурии Беларус ва Ӯзбакистон омода мекунанд.

Ба гузориши “Азия плюс”, қарор аст дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе тайи рӯзҳои 27 ва 28 -уми сентябри соли ҷорӣ Александр Лукашенко ва Шавкат Мирзиёев аз корхонаи алюминиюм ва чанд ширкати кишоварзии ноҳияи Турсунзода боздид кунанд.

Акнун мақомоти Тоҷикистон барои истиқбол аз ин ду раиси ҷумҳурӣ иқдом ба тармим ва тазйини манозили маскунии воқеъ дар ду тарафи масири Душанбе – Турсунзода кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳазинаи ин иқдомотро ширкатҳои сохтмонсозии шаҳри Душанбе таъмин мекунанд.

Лукашенко ва Мирзиёев дар ин сафар бо фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ва чанд ширкати кишоварзӣ дар ноҳияи Турсунзода ошно хоҳанд шуд.

Интизор меравад, дар ин сафар созишномаи ҳамкорӣ миёни корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ва ширкатҳои саноатии Беларус ва Ӯзбакистон ба имзо бирасад.

 

Сентябр 12, 2018 10:05 Asia/Dushanbe
Назарҳо