• Худдории Тоҷикистон аз пазириши китобҳои дарсии мунташиршуда дар Русия

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз пазириши китобҳои дарсии мунташиршуда дар Русия худдорӣ кардааст.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, қарор буд ин китобҳо барои омӯзиши донишомӯзони тоҷик дар синфҳои русӣ мавриди истифода қарор гиранд, аммо мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, онҳо бо системаи омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон ҳамхонӣ надоранд.

Дар ҳамин ҳол Хушбахти Эҳсон, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия плюс” гуфтааст, китобҳои мунташиршуда барои омӯзиши дарсҳои русӣ дар хориҷ аз Русия, хоси Тоҷикистон нест.

Ин дар ҳолест, ки синфҳои русӣ дар Тоҷикистон бо камбуди китобҳои дарсӣ мувоҷеҳанд ва ниёз ба интишори ихтисосии ин китобҳо дар Тоҷикистон аст.

Ба ин тартиб, қарор аст 110 навъ китоби дарсӣ дар Тоҷикистон барои синфҳои русӣ мунташир шавад, ки ҳазинаи ин тарҳ 26 миллион сомонӣ, муодили 2,76 миллион доллар баровард шудааст.

Дар ҳамин ҳол Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, Русия тасмим дорад панҷ мактаб дар Тоҷикистон бисозад ва беш аз 300 дабири забони русиро ба Тоҷикистон эъзом кунад.

Дар ҳоли ҳозир 51 муаллими эъзомӣ аз Русия дар Тоҷикистон машғули тадрис ҳастанд.

 

Сентябр 12, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
Назарҳо