• Идомаи талошҳо барои наҷоти ҷони кӯдаки тоҷик дар Туркия

Талош барои наҷоти ҷони Иброҳим Тиллозода, кӯдаки бемори тоҷик дар Туркия ҳамчунон идома дорад.

Пас аз сукут ва бехабарии чандҳафтаӣ аз сарнавишти набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ахборе дар бораи идомаи раванди дармони ин кӯдаки мубтало ба саратон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир шудааст.

Бар асоси ин хабар, пизишкони турк то кунун ду давраи кимиёдармонӣ (шимиёдармонӣ) бар рӯйи Иброҳим анҷом дода ва бо ситоиши рӯҳия ва тавони ӯ гуфтаанд, ҳар кӯдаке тавони таҳаммули чунин барномаҳои дармониро надорад.

Иброҳим Тиллозода, маъруф ба Ҳамза рӯзи дувуми августи имсол бо муҷаввизи мақомоти расмии Тоҷикистон ва ҳамроҳии модараш, ба Туркия сафар кард.

Пеш аз он корбарони интернет маъракае роҳандозӣ карда ва хостори иҷозаи мақомоти тоҷик барои хуруҷи Иброҳим аз кишвар ва идомаи дармон дар хориҷ шуда буданд.

Бо вуҷуде, ки мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон муътақиданд, дармони ин кӯдак ба иллати пешрафти беморӣ фоида надорад, лекин ҷомеаи мадании Тоҷикистон, корбарони интернет ва ба вижа хонаводаи Иброҳим Тиллозода умедвор ба дармони комили вай ҳастанд.

 

Сентябр 12, 2018 13:04 Asia/Dushanbe
Назарҳо