• Таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон

Чаҳор созмон ва ҳизби мухолифи Тоҷикистон бо баргузории нишасте дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша, эътилофи Паймони миллӣ ташкил доданд.

Дар ин нишаст, намояндагони Анҷумани озодандешон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро ба раёсати паймон интихоб карданд.

Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани озодандешон, Шарофиддин Гадоев, намояндаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ баёнияи таъсиси эътилофи Паймони миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Варшава имзо карданд.

Аз миёни аҳзоб ва ташаккулҳои фаъоли мухолифи давлати Эмомалӣ Раҳмон, Гурӯҳи 24 токунун ба Паймони миллии Тоҷикистон напайвастааст.

Дар иртибот бо таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон, Садюнуси Истаравшанӣ, аз фаъолини сиёсии мухолифи давлати Душанбе дар ин бора дар мақолае навишт: “Оппозитсияи тоҷик бо вуҷуди фаъолияте, ки аз назари замонӣ бисёр кӯтоҳ буд ва дар хориҷ аз кишвар ва дар Аврупо сурат гирифт, нишон дод, ки қодир аст, нерӯҳои парокандаро гирдиҳам оварда ва муборизаи худро ба сурати мунсаҷим ва барномарезишуда идома диҳад”.

Ба навиштаи вай, “Таъсиси паймони миллӣ, кори чандон саҳл ва осоне набуд, ба хусус бо таваҷҷуҳ ба мавонеи мутааддиде, ки мақомҳои амниятии Тоҷикистон таи яксоли ахир дар масири таъсиси ин паймон қарор дода буданд. Аз нуфуз дар сафи мухолифон ва эҷоди ихтилоф миёни онҳо гирифта, то бурдани чанд тан аз фаъолони мухолиф бо равиш ва тарфандҳои гуногун ба дохили кишвар ва эътироф гирифтан аз онҳо ва фиреби мардум”.  

Ба рағми аҳаммияти таъсиси эътилофи мухолифони давлати Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон, фиқдони дастрасии мустақими мухолифон ба мардуми Тоҷикистонро метавон бузургтарин нуқтаи заъфи ин эътилоф қаламдод кард.

 

Сентябр 12, 2018 20:19 Asia/Dushanbe
Назарҳо