• Ташкили коргурӯҳи мубориза бо хушунату зӯргӯӣ дар Душанбе

Бо ҳадафи пешгирӣ аз бурузи хушунату зӯргӯӣ коргурӯҳҳое барои тарвиҷи "ахлоқи шаҳрвандӣ" дар пойтахти Тоҷикистон ташкил шудааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷикТА”, ин коргурӯҳҳо бо ҳамоҳангии ниҳодҳои умури дохилии Душанбе фаъолият хоҳанд кард. Дар ҳафтаи гузашта бо ҳамкории ин коргрӯҳҳо ва нерӯи пулис дар амокини умумӣ чанд ҷурму ҷиноят ошкор ва ҷинояткорон дастгир ва барои онон парвандаи қазоӣ ташкил шуд. Яке аз иқдомоти ин коргурӯҳ шиносоии фарде буд, ки иқдом ба тавҳин ва дашном ба атрофиён карда буд ва барои вай ҳукми панҷрӯзаи зиндон содир шуд.

 

Сентябр 18, 2018 13:29 Asia/Dushanbe
Назарҳо