• Бародаршаҳрии Душанбе ва Чиндаои Чин

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Менг Фанлӣ, раиси шаҳри Чиндаои Чин, Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расонданд.

Ба нақл аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Менг Фанлӣ ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрока, технология, сайёҳӣ ва маориф дар шаҳри Душанбе  баррасӣ намуданд.

Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ, "пойтахти синамо ва олимпиада", маркази илмию тадқиқотии баҳрӣ дар соҳаи инноватсионӣ ба шумор меравад.

"Чиндао бо зиёда аз 700 бандарҳои ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, бо 70 шаҳри ҷаҳон дар формати бародаршҳрӣ муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ мондааст", — таъкид намудааст дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Манбаъ зикр кардааст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчӣ аз 10 сентябри соли 1999, Сямен аз 20 июни соли 2013 ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 21 августи соли 2017 робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

 

 

 

 

Сентябр 19, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
Назарҳо