• 9 зани тоҷик дар Ироқ ба 20 сол зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳи ҷиноии Бағдод, пойтахти Ироқ ахиран ҳар як аз 9 зан тоҷикро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи ДИИШ, ки шавҳарони онон узви ин гурӯҳи террористӣ буданд, ба 20 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, ин занон ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ  барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Ироқ рафта буданд, ки пас аз кушта шудани шавҳаронашон боздошт ва акнун ҳар як ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ, ба 20 сол зиндон маҳкум шудаанд.

Қабл аз ин низ додгоҳи ҷиноии Бағдод чаҳор зани тоҷикро ба ҷурми пайвастан ба ДИИШ ва кӯмак ба ин гурӯҳи террористӣ, ба ҳабси абад маҳкум карда буд.

Мақомоти қазоии Ироқ мӯътақиданд, ки ин занони тоҷик бо нақзи қавонини Ироқ ва убури ғайри муҷоз аз марзи ин кишвар, ба ҳамроҳи шавҳаронашон, ки узви гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд, дар хоки Ироқ боздошт шудаанд ва ҳеҷ тахфифе дар ҳукми онон, эъто нахоҳад шуд.

Кӯдакони ин занон ба парваришгоҳи Бағдод таҳвил дода шудаанд ва мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати ризояти модаронашон барои бозгардондани ин кӯдакон ба Душанбе, талош хоҳанд кард.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон бо таъйиди номҳои ин 9 зани маҳкум шуда гуфтаанд, ки дар кишвари худ, ин афрод ба иттиҳоми пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ, таҳти пайгарди қазоӣ қарор доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузорише ба идораи умури муҳоҷирати  СММ аз ҳузури 234 хонавода аз ин кишвар дар манотиқи даргирӣ дар хориҷ хабардода буд, ки шомили 840 нафар мешаванд.

 

 

Сентябр 20, 2018 18:38 Asia/Dushanbe
Назарҳо