• Нишасти аъзои ИДМ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон нишасти кишварҳои узви ИДМ дар умури иштиғол, муҳоҷират ва таъмини иҷтимоӣ баргузор шуд.

Ба гузориши Ховар, ин нишаст дар чаҳорчӯби барномаҳои раёсатии Тоҷикистон бар ИДМ баргузор шуд.

Дар нишасти Душанбе, ки таҳти раёсати Сумангул Тағоева, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ҷараён дошт, ширкаткунандагон 16 масаъларо дар ростои беҳбуди умури иштиғол ва муҳоҷират мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Нишасти кишварҳои ИДМ дар умури иштиғол, муҳоҷират ва таъмини иҷтимоӣ дар ҳоле дар Душанбе баргузор шуд, ки чанд рӯз пеш низ ин шаҳр мизбони додситонҳои кулли ИДМ буд.

Қарор аст ҳафтаи оянда низ сарони кишварҳои ИДМ нишасти худро дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кунанд.

 

Сентябр 21, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо