• Тарҳи хилофати бузурги ДИИШ марзҳои Тоҷикистонро таҳдид мекунад

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфтааст, тарҳи мавсум ба "хилофати бузург" - и гурӯҳи террористии ДИИШ амнияти марзҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистонро таҳдид мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, генерал Анатолий Сидоров бо ишора ба баргузории размоиши муштараки низомии ҳамзамони нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфтааст, ҳадаф аз ин тамринҳо муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ аст, ки дар шимоли Афғонистон мустақар шудаанд.

Гуфтанӣ аст, ки размоиши муштараки низомии ҳамзамони нерӯҳои СПАД дар қаламрави Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тайи рӯзҳои аввал ва дувуми ноябри соли ҷорӣ мавсум ба “Бародарони ҳамразм – 2018” баргузор мешавад.

Зеро ба қавли Сидоров, ин гурӯҳи террористӣ ба ҷазби шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба сафи худ идома медиҳанд.

Вай муътақид аст, гурӯҳи террористии ДИИШ қасд дорад аз Афғонистон ба унвони маркази муҳими омӯзиши нерӯҳои худ истифода кунад, ки барои иҷрои тарҳи мавсум ба "хилофати бузург", ки қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби шарқи Осиёро шомил мешавад, вориди амал шавад.

Генерал Анатолий Сидоров гуфтааст, ки дар ҷараёни баргузории размоиши муштараки низомии ҳамзамони нерӯҳои СПАД дар қарамрави Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, мавсум ба "Бародарони ҳамразм – 2018” роҳкорҳои вокуниши фаврии ин нерӯҳо барои муқобила бо ҳар навъ таҷовуз ва ё таҳаррукоти гурӯҳи террористии ДИИШ тамрин хоҳад шуд.  

 

 

 

 

Сентябр 22, 2018 12:10 Asia/Dushanbe
Назарҳо