• Олудатарин роёнаҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон

Ширкати озмоишгоҳии роёнаии Касперский дар Русия эълом карда аст, ки олудатарин роёнаҳои ҷаҳон дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

Ба гузориши сомонаи Toptj.com, ин ширкати русӣ, ки нармафзорҳои зидди вирусҳои роёнаӣ тавлид мекунад, эълом кардааст, ки бар асоси натоиҷи оморгирӣ то моҳи июни имсол, олудатарин роёнаҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон шиносоӣ шудаанд.

Бинобар эъломи ин ширкат, дар ҷаҳон беш аз 100 миллион нафар аз барномаҳои зиддивирусии озмоишгоҳи роёнаии Касперский истифода мекунанд ва додаҳо нишон медиҳад, ки ёронаҳои мавҷуд дар қаламрави Тоҷикистон беш аз ҳама ҳадафи ҳамлаҳои ҳакерӣ ва вирусӣ қарор мегиранд.

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон гаронии нармафзорҳои зиддивирусро иллати ин мавзӯъ медонанд ва муътақиданд, дар ҳоле ки қимати ҳар нармафзори зидди вирус дар ин кишвар 30 доллар аст, бо поён ёфтани замони истифода аз он, хариди дубораи ин барнома барои мардум имконпазир нест.

Дар ҳамин ҳол Рустам Гулов коршиноси умури роёна мегӯяд, теъдоде аз корбарон ба хотири ҳазинаи болои хариди нармафзори зидди вирус аз барномаҳои арзонқимати бозори сиёҳ истифода мекунанд, ки дар баробари ҳамлаҳои вирусӣ муқовим нест.

Елена Шляпникова яке аз масъулони озмоишгоҳи роёнаии Касперский дар Русия таъкид мекунад, ки роёнаи олуда ба вирус монанди хонае аст, ки қуфли дараш шикаста аст ва дуздон ба осонӣ иттилооти ин роёнаҳоро ба яғмо мебаранд ва гурӯҳҳои террористӣ низ метавонанд аз ин фурсат истифода кунанд.

Вай гуфтааст: Баррасиҳо нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои террористӣ аз ёронаҳҳои вирусии шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилооти шахсии ононро дуздидаанд.

 

Сентябр 23, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
Назарҳо