• Ҷарроҳии набераи Кабирӣ дар Истанбул муваффақиятомез буд

Ҳамза Тиллозода набераи Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи Наҳзати исломӣ, ки ба саратон мубтало аст, дар бемористоне дар шаҳри Истанбули Туркия ҷарроҳӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, наздикони Ҳамза Тиллозода гуфтаанд, ки амали ҷарроҳии Ҳамзаи чаҳорсола бо муваффақият анҷом шуда ва умедҳо ба дармони ӯ афзоиш ёфта аст.

Моҷароии интиқоли набераи раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи Наҳзати исломӣ ба хориҷ барои дармон, бо кашмакашҳои сиёсии зиёде миёни мухолифони ҳукумат ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз як сӯ ва давлати Душанбе аз сӯи дигар ҳамроҳ буд.

Бо ин вуҷуд вай саранҷом дар моҳи августи имсол ба ҳамроҳи модараш иҷозаи сафар ба Туркияро дарёфт кард.

Пеш аз интиқоли Ҳамза Тиллозода ба Туркия, Сайида Умарзода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, набераи чаҳорсолаи Муҳиддин Кабирӣ ба саратони пешрафта мубтало аст ва дармони ӯ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ғайримумкин аст.

Миҷгона Зайниддинова модари ин кӯдак гуфта буд, ки пизишкони тоҷик як амали ҷарроҳӣ рӯйи Ҳамза анҷом додаанд, ки пас аз он бемории ӯ ба шиддат пешрафт кардааст.

 

Сентябр 23, 2018 10:42 Asia/Dushanbe
Назарҳо