• Маҳдудияти интиқоли барқ дар бархе манотиқи Тоҷикистон

Ҳамзамон бо обгирии сади нерӯгоҳи дар ҳоли сохти Роғун дар бархе манотиқи Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуда аст.

Ба гузориши Азия-Плюс, сокинони минтақаи Кулоб дар вилояти Хатлон ва водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон гуфтаанд, ки чанд рӯз аст, танҳо субҳу шаб дар соатҳои мушаххас ба хонаҳои онони барқ мунтақил мешавад ва дар бақияи шабонарӯз барқ надоранд.

Сокинони ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва Ҳамадонӣ дар минтақаи Кулоб низ гуфтаанд, ки дар ин манотиқ аз соати 5 то 8 субҳ ва аз соати 17 то 24 шаб барқ барқарор аст.

Аммо мақомоти Ширкати давлатии Барқи тоҷик мегӯянд, ки ба иллати обгирии сади нерӯгоҳи Роғун ва ба манзури баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар шонздаҳуми ноябри имсол, маҳдудияти интиқоли барқ ба бархе аз манотиқи ин кишвар ногузир аст.

Бар асоси ин гузориш обгирии сади ин нерӯгоҳ, ки болотар аз неругоҳи барқи обии Норак воқеъ шудааст, сабаби коҳиши вуруди об ба сади нерӯгоҳи Норак ва зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ мешавад.

Қаблан мудири ширкати италияии Salini Impregilo муҷрии такмили тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун гуфта буд, ки моҳи ноябри имсол нахустин  турбинаи ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Зарфияти тавлиди барқи нахустин турбинаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун 600 мегаватт, аст ки дар мароҳили аввалия бо қудрати 100 мегаватт фаъолият хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ шаш турбина ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун насб хоҳад шуд, ки заминаи таъмини ниёзи Тоҷикистон ба барқ ва содроти он ба хориҷро фароҳам мекунад.

Мақомоти вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кардаанд, ки барои идомаи сохти сади 335 метрии неругоҳи Роғун, ки бузургтарин сади хокии ҷаҳон аст, наздик ба панҷ миллиард сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.

Мақомоти тоҷик муътақиданд, ки барои идомаи сохти неругоҳи барқи обии Роғун ба ҷазби чаҳор миллиард доллар сармоя ниёз аст.

 

Сентябр 23, 2018 11:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо