• Риши футболбози тоҷик корашро ба ҳабс кашонд

Парвиз Турсунов, футболбози собиқи дастаи "Хайр”-и Ваҳдат, ки бо риши дарозаш дар майдон бозӣ мекард, рӯзи 17 сентябр ҳамроҳи зану чор фарзандаш ҳангоми убури марзи Беларус дар фурудгоҳи шаҳри Минск, пойтахти ин кишвар дастгир шудааст.

Ба нақл аз Ахбор, зану фарзандони ӯро ба Украина фиристодаанд, вале худи Парвиз Турсунов дар боздошт қарор дорад. Наздиконаш мегӯянд, ба зидди Турсунов дар Тоҷикистон бо иттиҳоми салафигароӣ парванда оғоз кардаанд ва ӯ мехост ба ягон кишвари Аврупо паноҳ бубарад.

Парвиз Турсунови феълан 43-сола дар гузашта яке аз бозигарони калидии дастаи "Хайр”-и Ваҳдат буд. Исми ӯ 8 сол пеш ба далели бо риши дароз ба майдон баромаданаш расонаӣ шуд. Мураббиёни дастаи "Хайр” бо ишора ба дастури Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Парвиз Турсунов шарт гузоштанд, ки ё ришашро бигирад, ё дигар ба машқҳо ва бозиҳои расмӣ роҳ дода намешавад.

Парвиз Турсунов он замон гуфта буд, ки агар интихоб байни риш ва бозии футбол бошад, ӯ ришро интихоб мекунад ва омода аст тарки футбол кунад. Ин қазия дар сархатти ахбори расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт ва билохира ба Парвиз Турсунов иҷозат доданд, ки ба футболбозӣ идома диҳад.

Аммо наздиконаш ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки чанд сол пеш, дар замони авҷи мубориза бо равияҳои навбаромади мазҳабӣ, аз ҷумла бо Салафия ба зидди Парвиз Турсунов ҳам бо иттиҳоми салафигароӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд ва ӯ ҳамроҳи зану фарзандонаш чанд сол боз дар хориҷ, аз ҷумла дар Дубай зиндагӣ мекард.

Ахиран Парвиз Турсунов тасмим мегирад, ки дар ягон кишвари Аврупо паноҳандагӣ бихоҳад ва ҳамроҳи зану фарзандонаш бо ин мақсад ба Беларус меравад. Марзи Беларус бо Полша дар минтақаи Брест дар солҳои охир ба як масири асосии ба Аврупо рафтани паноҳҷӯёни тоҷик табдил ёфтааст.

Аммо ҳангоми тафтиши шиносномаҳо дар хатти марзи фурудгоҳи шаҳри Минск, пойтахти Беларус маълум мешавад, ки Парвиз Турсунов, соли таваллудаш 1975 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад. Ӯро мақомоти Тоҷикистон тавассути Интерпол ба далели узвият дар созмони мазҳабии ғайриқонунӣ бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятии ин кишвар таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта будаанд.

Дар соли 2010, вақте пеши Парвиз Турсунов шарт гузоштанд, ки ё футбол, ё риш!, ӯ дар посух гуфт, ки футбол моли дунёст ва риш – суннати Паёмбар.

 

 

Сентябр 24, 2018 10:18 Asia/Dushanbe
Назарҳо