• Пушти пардаи нармиши ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифони сиёсӣ

Мудири Маркази пажуҳишии шарқ иллати нармиши ҳукумати Тоҷикистон дар баробари мухолифони сиёсии ин кишварро зарурати ҷазби сармоягузории кишварҳои ғарбӣ ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ унвон кардааст.

Ба нақл аз Фарғона, Хурсанд Хуррамов бо ишора ба ҳузури ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон дар Нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Варшаваи Полша, озодии Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва раиси бошгоҳи ҳозирҷавобон аз зиндон ва низ ваъдаи афви 183 зиндонии тарафдори мухолифон ҳокӣ аз нармиши мақомоти Душанбе аст, ки бо ҳадафи ҷазби сармояи кишварҳои ғарбӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сурат мегирад .

Вай гуфтааст, ки коҳиши сармоягузории кишварҳои ғарбӣ ва ниҳодҳоӣ молии байналмилалӣ дар 3 соли ахир дар иқтисоди Тоҷикистон, афзоиши қарзи хориҷии ин кишвар ба вижа ба Бонки воридоту содироти Чин ва нотавонии бонкҳои ин кишвар дар пардохти пасандозҳои муштариён муҷиб шуд, ки ҳукумат мавозеи худ дар қиболи мухолифони сиёсиашро тағйир диҳад .

Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ду соли ахир аз ҳузур дар Нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо худдорӣ карда буд, дар Иҷлоси сентябри имсоли ин ниҳод ширкат карда ва ваъдаи озодии 183 зиндонии тарафдори аҳзоби мухолифро додааст .

Ба гуфтаи Хурсанд Хуррамов, кишварҳои ғарбӣ ироаи кумакҳои молӣ ба Душанберо ба мавзуи риояти ҳуқуқи башар ва озодии зиндониёни сиёсӣ машрут кардаанд .

 

Сентябр 24, 2018 14:30 Asia/Dushanbe
Назарҳо