• Посухи сафири Тоҷикистон дар Тошканд ба иддаои вазорати хориҷаи Туркманистон

Сафири Тоҷикистон дар Тошканд ба эътирози вазорати умури хориҷаи Туркманистон ба мусоҳибаи вай бо нашрияи русии "Коммерсант" бино бар муҳим набудани сохт роҳи оҳани минтақаӣ, миёни Туркманистон- Афғонистони ва Тоҷикистон посух додааст.

Ба гузориши сойти CA News, Содиқ Имомӣ дар посух ба эътирози вазорати  умури хориҷаи Туркманистон дар мавриди ин ки гӯё вай идомаи сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон- Афғонистони ва Тоҷикстонро муҳим нахонда бошад, гуфтааст, ки аслан ин ҳарф дуруст нест.

Зеро ҳадафи ман танҳо ёдоварии рушди ҳамкориҳои рейлӣ миёни Ӯзбакистон  ва Тоҷикистон буд ва ба баҳси идомаи сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон- Афғонистон ва Тоҷикистон иртиботе надорад. Аммо вазорати  умури хориҷаи Туркманистон дар эътирози расмӣ ба Тоҷикистон муддаӣ шудааст, ки Содиқ Имомӣ дар мусоҳиба бо "Коммерсант" хостори таъвиқ дар идомаи сохти ин масири муҳимми минтақаӣ шудааст. Вале сафири Тоҷикистон дар Тошканд мегуяд, ки ин бардошти тарафи Туркманистон сӯитафоҳум мебошад ва ба наздикӣ вазорати умури хориҷаи кишвараш ба ин мавзӯъ посух хоҳад дод. Ин дар ҳоле аст, ки аз ду сол қабл миёни Душанбе-Кобул ва Ашқобод бар сари роҳи оҳани ҷадиди минтақаӣ дар қаламави Афғонистон ихтилофи назар буруз карда ва то ба ҳол ҳал нашудааст. Зеро мақомоти Душанбе муътақиданд, нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ба ин кишвар бояд ноҳияи марзии Шаҳритӯс бошад, ки масири он кӯтоҳтар ва камҳазинатар аст. Ба гуфтаи мақомоти тоҷикистонӣ дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар, тӯли бахши Афғонистонии ин роҳи оҳан 300 километр кутоҳтар хоҳад шуд. Ин дар ҳоле аст, ки Туркманистон бо ин тарҳ мухолифат мекунад.

Мақомоти Туркманистон бар таъйини Бандари Шерхон дар устони Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли роҳи оҳан дар марзи ин ду кишвар пофишорӣ мекунанд. Бонки Рушди Осиё, ки қаблан барои таъмини ҳазинаи сохти ин роҳи оҳан дар дохили Афғонистон ва Тоҷикистон эъломи омодагӣ карда буд, ба далели ихтилофи назари Душанбе ва Ашқобод, ба таври муваққат ҳамкории худро ба таълиқ дар овардааст.

Тарҳи сохти ин роҳи оҳани минтақаӣ дар дидори раисони ҷумҳурии Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи марти соли 2013 дар Ашқобод имзо шудааст.

 

Сентябр 24, 2018 20:00 Asia/Dushanbe
Назарҳо