• Марзи Тоҷикистон - Афғонистон баста мешавад

Дар остонаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Афғонистон ҳукумати ин кишвар тасмим гирифтааст марзи муштараки худро бо Тоҷикистон ба таври муваққат бибандад.

Ба гузориши сомонаи Азия-Плюс, Нусрат Раҳимӣ намояндаи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон гуфт, ки тасмими бастани марзҳо бо ҳадафи таъмини амният дар рӯзи баргузории интихобот ва пешгирӣ аз тақаллубкорӣ гирифта шудааст.

Ба гуфта вай, фардо ва ҳамзамон бо рӯзи интихоботи маҷлис дар Афғонистон, рафтуомади шаҳрвандон ва худравҳо аз марзҳои Афғонистон ба таври муваққат қатъ мешавад.

Фаҳими Кӯҳдоманӣ дабири аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам бо таъйиди ин хабар гуфт: Дар таърихи Афғонистон чунин тасмиме бесобиқа будааст.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳам бо ишора ба тасмими давлати Афғонистон гуфтааст, гузаргоҳҳои марзӣ фақат барои як рӯз баста мешавад.

Дар чанд соли ахир тоҷирони тоҷик аз қаламрави Афғонистон барои содирот ва воридоти молу маҳсулот истифода мекунанд ва баста шудани якрӯзаи марз дар фаъолияти тоҷирон мушкили муваққатӣ эҷод мекунад.

Интихобот дар Афғонистон фардо таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад.

 

Октябр 19, 2018 20:53 Asia/Dushanbe
Назарҳо