Октябр 26, 2018 20:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии Суғд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон+акс

Бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъе аз рӯзноманигорони хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд оғоз шуд.

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, бахше аз ин ҷашнвораро, ки марбут ба хӯрдани ғизоҳо буд, Эмомалӣ Раҳмон шахсан доварӣ кард.

Дар ин ҷашнвора шуморе аз рӯзноманигорони кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Русия ҳузур доштанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорони меҳмон гуфт: Одобу русуми аксари кишварҳои минтақа шабеҳи ҳам ҳастанд ва аз ин амр бояд мардумонамон истиқбол кунанд ва аз ҳамдигар биёмӯзанд.

Эмомалӣ Раҳмон тайи чаҳор рӯзи гузашта аз вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон боздид ва дар маросими ифтитоҳи чандин тарҳи иқтисодӣ ва фарҳангӣ ширкат ва суханронӣ кард.

 

Назарҳо