• Ваъдаи эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ барои таҷаммӯи дубора пас аз се рӯз

Эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ бо шунидани ваъдаи раиси вилояти Бадахшон пароканда шуда, аммо эълом кардаанд, ки пас аз се рӯз бори дигар таҷаммӯъ баргузор хоҳанд кард.

Ба гузориши хабаргузории CA News, ин афрод бо таҷаммӯъ муқобили бинои ҳукумати вилояти Бадахшон, хориҷ шудани нирӯҳои интизомӣ ва амниятии эъзомӣ аз Душанбе, барчидани посгоҳҳои иловагӣ дар дохили шаҳри Хоруғ ва муҷозоти низомиёни муқассир дар тирандозии шаби 5 ноябрро, ки ба захмӣ шудани се ҷавон анҷомид, хостор шуданд.

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон бо ҳузур дар ин таҷаммӯъ таъкид кардааст, ки ба ин мавзӯъ расидагӣ хоҳад шуд ва барои баррасии ҳодисаи тирандозии Хуршед Муҳаммадзода, фармондеҳи Нирӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, комиссияи вижае таъсис шудааст.

Бо ин ҳол, раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки нирӯҳои интизомӣ ва амниятии эъзомӣ аз Душанбе, то поёни фаъолияти Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ, аз вилояти Бадахшон хориҷ нахоҳанд шуд.

Аммо мардуми мӯътариз бо таъкид бар хостаҳои хеш гуфтаанд, ки барои дарёфти посухи мушаххас дар бораи пешниҳодҳои худ се рӯз пас дубора дар маркази шаҳри Хоруғ таҷаммӯъ хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ бо интишори баёнияе гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии фармондеҳ Хурсанд Мазоров, аз раҳбарони ғайрирасмии маҳаллиро муқассири ҳодисаи тирандозии шаби 5 ноябр дар ин шаҳр эълом кардааст.

Фаъолияти Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи 15 сентябр бо ҳадафи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир ва поён додан ба ҳаракати худравҳои сиёҳ шиша, оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

 

Ноябр 07, 2018 19:13 Asia/Dushanbe
Назарҳо