Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ва муовини раиси Думаи давлатӣ – палатаи поёнии парлумони он кишвар пас аз сафар ба Тоҷикистон ва Узбакистон, хостори тавсеаи равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Владимир Жириновский дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба унвони сиёсатмадори миллатгаро ва ҷонибдори ташдиди сиёсатҳои зидди муҳоҷиратӣ дар Русия шиносоӣ шудааст. Бо ин собиқа, коршиносон ба мавзеъгириҳои ахири Жириновский ва самимияти вай ба тааҳҳудҳое, ки дар баробари пазироиаш дар Тоҷикистон супурдааст ба дидаи тардид менигаранд.

 

Ноябр 07, 2018 21:57 Asia/Dushanbe
Назарҳо