• Шӯриши зиндониён дар Тоҷикистон

Бар асари даргирӣ миёни нирӯҳои амниятӣ ва шуморе аз зиндониён дар зиндоне дар Тоҷикистон, дастикам 27 нафар кушта шуданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, манобеъ дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе 8 ноябр эълом карданд, бар асари шӯриш дар зиндоне дар шаҳри Хуҷанд дар шимоли ин кишвар, ки аз шаби гузашта оғоз шуд, дастикам 27 нафар аз ҷумла 5 маъмури зиндон кушта шуданд.

Ба наивштаи манбаъ, ҳангоми ошӯб дар зиндони Хуҷанд, ду корманди мақомот ва ҳудуди 25 маҳбус кушта шуданд, хабар додааст РИА Новости аз қавли манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабар надода, рақами мушаххасеро дар мавриди кушташудаҳо ва захмиҳо баён накардаанд. Манобеъ мегӯянд, феълан ҳодисаро як кумиссюни махсус таҳқиқ дорад.

 

Ноябр 08, 2018 17:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо