• Маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иллати маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонро, фаннӣ унвон кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ҳоле, ки манобеи хабарӣ иллати эъмоли ин маҳдудиятро талош барои мунташир нашудани ахбори авзои вилояти Бадахшон пас аз таҷаммӯи эътирозии сокинони шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят медонанд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки далели ин иқдоми фаннӣ аст, зеро акнун дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Интернет, аз ҷумла ба Ютуб, Фейсбук, Твиттер ва Одноклассники низ ба шиддат маҳдуд шудааст.

Бино бар иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, дар кишвар аз 6-уми ноябр шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники ва Ютуб  масдуд карда шуданд. Инчунин дар истифодаи Вайбер, Вотсап ва Телеграм низ маҳдудиятҳо ба назар мерасанд.

Ин иттифоқ дар пайи таҷаммӯи мӯътаризон дар шаҳри Хоруғ, ки хостори тавзеҳи мақомоти ҳукуматӣ дар маврди тирандозии фармондеҳи нирӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба сӯи сокинони ин шаҳр, ки мӯҷиби захмӣ шудани 3 ҷавон шуд, буданд, рух дод.

Аксари корбарон мӯътақиданд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба далели авзои шаҳри Хоруғ, иқдом ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо кардааст, зеро дар тобистони соли 2012 низ дар пайи кушта шудани раиси Идораи амнияти миллии вилояти Бадахшон миёни нирӯҳои эъзомӣ аз Душанбе ва гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ, даргирӣ ба вуқӯъ пайваст, ки теъдоде аз ҳар ду тараф кушта ва захмӣ шуданд.

Дар он замон низ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо қатъи иртиботи вилояти Бадахшон бо ҷаҳони хориҷ эълом карда буд, ки иллати ин иқдом бархӯрди тир ба симҳои хатҳои иртиботӣ мебошад.

 

Ноябр 08, 2018 21:18 Asia/Dushanbe
Назарҳо