• ДИИШ масъулияти шӯриши зиндони Хуҷандро бар ӯҳда гирифт

Бо гузашти ҳудуди ду рӯз аз вуқӯи шӯриши хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон, гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳодисаро бар ӯҳда гирифт.

Гурӯҳи террористии ДИИШ ин иддаоро дар сомонаи интернетии худ матраҳ кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар пайи даргирӣ миёни нируҳои амниятӣ ва шуморе аз зиндониён дар зиндони шаҳри Хуҷанд, тадбирҳои шадиди амниятӣ дар вилояти Суғд барқарор шудааст.

Ба гуфтаи манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он постгоҳҳои зиёди амниятӣ барпо шудааст ва вуруду хуруҷи афрод ва васоили нақлия ба шиддат назорат мешавад.

Ҳамчунин тадбирҳои амниятӣ дар марзи миёни Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояи Узбакистон ва Қирғизистон афзоиш ёфтааст.

Ду шаб пеш бар асари шӯриши зиндониён ва саркӯби онҳо ба дасти нируҳои вижа дар зиндони шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд дасти кам 27 нафар, аз ҷумла 5 маъмури зиндон кушта шуданд. Афзун бар ин беш аз 100 нафар аз маъмурон ва зиндониён захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии вилояти Суғд ба сабаби вазъи бади баъзе аз афроди маҷрӯҳ, эҳтимоли афзоиши куштаҳо низ вуҷуд дорад.

Мақомоти давлатӣ то ба ҳол марги Мирсаид Қодиров ва Эҳсонхуҷа Мухторзода (Яъқубов) ду нафар аз маъмурони зиндонро дар ин ҳодиса таъйид кардаанд, ки рӯзи гузашта дар маҳали сукунаташон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ ба хок супурда шуданд.

Агарчи то кунун мақомоти Тоҷикистон сабаби вуқӯи шӯриш дар зиндони Хуҷандро эълом накардаанд, аммо ба гузориши расонаҳои мустақил, ин шӯриш бар асари бадрафторӣ ва шиканҷаи зиндониён аз сӯи маъмурони он оғоз шудааст.

Зиндони шумораи 3-и Хуҷанд аз зиндонҳои низомаш сахти Тоҷикистон аст, ки дар он зиндонёне бо ҷурмҳои сангини чун терроризм ва ифротигарӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

 

Ноябр 09, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
Назарҳо