Ноябр 10, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  •  7 ошпаз дар Душанбе як тонна оши палав пухтанд+акс

7 ошпази тоҷик Бахшида ба ҷашнвораи “оши палав” дар пойтахти Тоҷикистон, бори аввал дар ин ҷашнвора дар як дег як тонна ош пухтанд

Ба нақл аз Спутинк, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи "Оши палав" дар ҳоли баргузорӣ аст.

Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигор ва яке аз фаъолони Фейсбук дар саҳифаи худ аз ҷараёни ошпазӣ гузориши аксӣ таҳия қардааст ва навиштааст, ки пухтани як тона оши палав соати 12 шаб дар Боғи фархангии ба номи Фирдавси шурӯъ шудааст.

У дар саҳифаи худ навиштааст, дар пухти ин оши палав, ки ба дасти  7 ошпази моҳир омода шуда, 250 кило  биринҷ, 200 кило гушт, 350 кило сабзи ,40 литр равгани загер,50 литр равгани офтобпараст,30 кило пиёз , 1 кило зира, 1 кило мурч,5 кило мавиз 1 кило ғурраи зелол масраф гардидааст.

Вай ҳамчунин  афзуд,бори аввал аст, ки  ошпазҳо  дар  Душанбе 1 тонна Оши палав мепазанд.

Ин ҷашнвора имрӯз соати 10  дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз шудааст ва  дар он ошпазхо аз ҳама гушаву канори кишвар ширкат мекунанд.

Қарор аст, дар ин ҷашнвора 400 деги оши палав пухта шавад ва дар маҷмуъ дар ин фестивал 10 тонна Оши палав омода мешавад.

 

Назарҳо