• Нигаронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду баробар шудани омори ҷиноят дар ин кишвар

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Омори ҷурму ҷиноят дар ин кишвар дар 10 соли охир ду баробар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни рӯзи милисаи тоҷик дар ҷамъи мақомоти милиса дар шаҳри Душанбе тасреҳ кард: Дар ҳоле ки соли 2008 дар Тоҷикистон 12 ҳазор ҷурму ҷиноят сабт шуда, ин рақам дар соли 2017 ба 22 ҳазор маврид расидааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ дар ин кишвар афзуд: Фақат дар 9 моҳи нахусти имсол ҳудуди 17 ҳазору 500 ҷурму ҷиноят рух додааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: Дар солҳои 2017-2018 ҳудуди ду ҳазору 300 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар ин ҳодисаҳо 721 тан кушта ва ду ҳазору 370 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Вай афзуд: Бар ин асос дар як соли гузашта 721 хонаводаи тоҷик бар асари садамаи ронандагӣ мусибатзада ва ҳазорон кӯдак ятим шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба сабти 63 амалиёти террористӣ ва харобкорона дар ҳудуди марзҳои Тоҷикистон гуфт: Бо талоши масъулони Вазорати умури дохила аз ин теъдод 40 амалиёт беасар шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳузури баъзе афроди ҷинояткор дар байни мақомоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар низ ба шиддат ибрози нигаронӣ кард ва дар айни ҳол гуфт: Саҳми милиса дар таъмини амният ва риояти қонун ва пешгирӣ аз ҷинояткориҳо дар кишвар муҳим аст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: Бовар дорам, ки неруҳои милиса манфиати давлат ва миллати худро муқаддас медонанд ва бо риояти бечуну чарои қонун ва иҷрои вазоифи интизомӣ ба савганди худ вафодор мемонанд.

 

Ноябр 11, 2018 13:49 Asia/Dushanbe
Назарҳо