• Сад хабарнигор баҳрабардорӣ аз нахустин трубинаи НБО “Роғун”-ро пӯшиш медиҳад

Беш аз 100 хабарнигор маросими баҳрабардорӣ аз нахустин трубинаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро дар рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ пӯшиш хоҳад дод.

Ба гузориши “Спутник”, Абдулҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ гуфтааст, ки аз ин теъдод 30 хабарнигор намояндагони расонаҳои хабарии хориҷӣ хоҳанд буд, ки муҷаввизи ширкат дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин трубинаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро дарёфт кардаанд. Ӯ гуфтааст, хабарнигорон ду рӯз қабл аз он, яъне 14 ноябри соли ҷорӣ ба маҳалли сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” хоҳанд омад ва бо фаъолияти бахшҳои мухталифи ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон ошно хоҳанд шуд.

Мақомоти Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ аз нахустин трубина нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки сохти он аз соли 1976 оғоз шудааст, баҳрабардорӣ хоҳад шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. P. A” вогузар кард. Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки дар рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ трубинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар 110-километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар соли 1976 барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Узбакистон ҳанӯз ин тарҳ такмил нашудааст. Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335-метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт/соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд. Дар сурати баҳрабардорӣ аз 6 трубинаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад дошт.

 

Ноябр 12, 2018 09:52 Asia/Dushanbe
Назарҳо