• Интиқоди Раҳмон аз ғафлати маъмурони амниятӣ дар ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони хориҷӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин мавзеъгирии худ дар бораи ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар тобистони имсол ин ҳодисаро натиҷаи ғафлат ва саҳлангории нерӯҳои амниятӣ ва интизомии ин кишвар унвон кард.

Ба гузориши сомонаи “TopTJ”, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷашни Рӯзи пулиси тоҷик дар ҷамъи мақомот ва кормандони Вазорати корҳои дохилии ин кишвар дар шаҳри Душанбе гуфт, ки гурӯҳи террористӣ шаш моҳ барои ин ҳамла омодагӣ дида буд ва саҳлангории нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ мӯҷиб шуд, ки ин тарҳ иҷроӣ шавад. Ӯ таъкид кардааст, ки агар мақомоти амниятӣ ва интизомӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷ, ки бештари муҳоҷимон аз аҳолии ин ду минтақа буданд, тадбирҳои пешгирона меандешиданд, имкони ҷилавгирӣ аз ин ҷиноят вуҷуд дошт. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, омилони ин ҳодисаи террористӣ пеш аз даст задан ба ин амалиёт аз сӯйи идороти амниятӣ ва интизомӣ таҳти назар будаанд ва номи онҳо дар ин идорот сабт шуда буд, аммо маъмурони амниятӣ ва интизомӣ дар пешгирӣ аз ин амалиёти террористӣ ғафлат карданд.

Дар ҳодисаи ҳамла ба ҳафт гардишгари дучархасавори хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июли имсол дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 4 нафар аз ин афрод, ки шаҳрвандони кишварҳои Нидерландия, Амрико ва Швейдсария буданд, кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин хостори бозгардондани он идда аз ҷавонони тоҷик шуд, ки аз замони ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар марокизи омӯзиши ғайримуҷози кишварҳои исломӣ ба фарогирии улум машғул ҳастанд ва ҳузури онон таҳдиде алайҳи амнияти миллии ин ҷумҳурӣ аст.

 

 

Ноябр 12, 2018 10:05 Asia/Dushanbe
Назарҳо