• Шикояти ширкати “Барқи тоҷик” аз дуздии барқ дар ин кишвар

Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” бо даъват аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ аз дуздӣ шудани барқ тавассути моликони корхонаҳо ва бахши хонагӣ шикоят мекунад.

Ба гузориши “Азия плюс”, баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон барқ дар бахшҳои саноатӣ ва хонагӣ бо равишҳои мухталифи дуздӣ ва зиёнҳои фаровоне ба буҷаи давлати ин кишвар ворид мешавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар бисёре аз маворид кормандони ширкати барқ, ки барои муҳосибаи пули барқ ба хонаҳои мардум меоянд, ба муштариён роҳҳои кам нишон додани мизони барқи масрафиро ёд медиҳанд ва дар баробари дарёфти пул даст ба тағйири равиши фаъолияти шумориши гармӣ зананд.

Агарчи бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон, барои сирқати барқ ва дасткорӣ дар симкашӣ ва шуморишгар муҷозоте назири ҷаримаи молӣ ва ҳатто маҳкумият ба зиндон пешбинӣ шудааст, ин раванд ҳамчунон дар ин кишвар аз сӯйи моликони корхонаҳо ва бахши хонагӣ идома дорад.

 

Ноябр 12, 2018 10:45 Asia/Dushanbe
Назарҳо